Вазорати корҳои дохилӣ шарти ворид кардани кӯдаки муҳоҷирро ба феҳристи шахсони назоратшавандаро номбар кард

Фарзандони муҳоҷир ба феҳрист дохил карда мешавад, агар мӯҳлати иҷозати будубоши ӯ дар Федератсияи Русия тамдид нашавад.
Фарзандони муҳоҷир ба феҳристи шахсони таҳти назорат қарордошта дохил карда мешавад, агар мӯҳлати иҷозати будубоши ӯ дар Русия бо тартиби муқарраршуда тамдид нашавад. Дар ин бора Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия хабар додааст.
Агар муҳлати будубоши муваққатии ноболиғ тибқи тартиби муқарраршуда тамдид нашавад, ӯ ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Русия эътироф шуда, ба таври худкор ба феҳристи шахсони таҳти назорат қарордошта ворид карда мешавад», - гуфтанд дар вазорат.
Вазорати корҳои дохилӣ таъкид кардааст, ки шаҳрванди хориҷӣ ҳангоми ворид шудан ба Русия бо кӯдакони ноболиғ вазифадор аст, ки аз ҷониби худ иҷрои талаботи ҳатмии дар қонунгузории муҳоҷират пешбинишударо таъмин намояд. "Кӯдак бояд барои муҳоҷират ба қайд гирифта шавад, яъне дар ҷои истиқомат ё дар ҷои будубош дар якҷоягӣ бо яке аз намояндагон сабти ном шавад", - қайд карданд дар шӯъба.
Дар сурати доштани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ё иҷозатномаи иқомат, бақайдгирии ў дар ҷойи истиқомат дар асоси аризаи намоянда сурат мегирад. «Бақайдгирӣ дар ҷои истиқомат дар асоси огоҳиномаи расмии соҳиби бинои истиқоматӣ ё бо пешниҳоди ба мақомоти корҳои дохилӣ шартномаи иҷораи тасдиқкунандаи воқеияти иқомат дар суроғаи дар созишномаи зикргардидаи кӯдак якҷоя бо намоянда сурат мегирад», - афзуд ВКД. Аммо, чунин тартиб танҳо дар биноҳои истиқоматӣ иҷозат дода мешавад.