Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи оқибатҳои муҳоҷироне, ки будубоши худро қонунӣ накардаанд, ҳушдор дод

Фото: РИА Новости/ Михаил Воскресенский

Нисбати муҳоҷироне, ки будубоши худро дар Русия қонунӣ накардаанд, чораҳои маҳдуд кардани ҳуқуқ татбиқ хоҳанд шуд, гуфт намояндаи расмии ВКД Ирина Волк

"Нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки заминаи ҳуқуқии будубоши худро дар кишвари мо аз даст додаанд ва вазъи ҳуқуқии худро танзим накардаанд, аз 11 сентябр то ихроҷи онҳо аз Русия тамоми чораҳои пешбининамудаи қонун барои маҳдуд кардани ҳуқуқҳои муайян, аз ҷумла вуруд дар оянда татбиқ карда мешаванд."

Мӯҳлати танзими вазъи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва шахсони бешаҳрванд рӯзи чаҳоршанбе ба охир расид.

Волк фаҳмонд, ки маълумот дар бораи вайронкунандагон ба феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад. Вай ҳамчунин дар бораи масъулияти шаҳрвандон ва ширкатҳое, ки барои будубоши ғайриқонунӣ дар кишвар кумак мерасонанд, ёдовар шуд.

Маҳдудиятҳо барои вайронкунандагон

Аз 5 феврал дар Русия барои хориҷиёне, ки ғайриқонунӣ дар ин кишвар будубош мекунанд, низоми муҳоҷирати ихроҷ ҷорӣ шуд. Онҳо ба феҳристи шахсони назоратшаванда дохил карда мешаванд. Дар он маҳдудиятҳои ҳуқуқу озодиҳои муайяни муҳоҷирони ғайриқонунӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, онҳо наметавонанд:

  • иваз кардани чои истикомат ва ё бе ичозати макомоти корхои дохилй;
  • сафар берун аз минтақаи иқомат;
  • идоракунии нақлиёт;
  • ба даст овардани молу мулк;
  • бақайдгирии амволи ғайриманқул дар феҳристи кадастри;
  • пасандози бонкӣ кушояд ва дигар амалиёти бонкиро анҷом диҳад.

Инчунин, шахси назоратшаванда бояд дар мўњлати муќарраргардида ба шахси мансабдори маќомоти корњои дохилї њангоми додани амри њозирин омада, инчунин манъу мањдудиятњои муќаррарнамудаи ќонунро риоя намояд.

Дар сурати такроран (ду ва зиёда маротиба) аз ҷониби муҳоҷир риоя накардани ин қоидаҳо, ӯ метавонад депортатсия ё дар муассисаи махсуси мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилӣ ҷойгир карда шавад.

Хабарҳои дигар