Медведев хостори ихроҷи фаврии муҳоҷирони нашъаманд шуд

Медведев: Муҳоҷироне, ки маводи мухаддир истеъмол мекунанд, бояд аз Русия ихроҷ шаванд.
Мо набояд ба муҳоҷирони гирифтори нашъамандӣ имкон надиҳем , ки дар Русия бимонанд ва қонунӣ шаванд. Дар ин бора Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия зимни як нишаст оид ба такмили қонунгузории муҳоҷират изҳор дошт.
«Яке аз мушкилоти шадид дар соҳаи муҳоҷират вазъи шаҳрвандони хориҷие мебошад, ки ба сироятҳои хатарнок гирифтор шудаанд ва ё маводи мухаддир истеъмол мекунанд. "Онҳо бояд бетаъхир аз Русия ихроҷ карда шаванд" гуфт Медведев.
Вай афзуд, танҳо чунин тадбирҳо имкон медиҳад, ки амнияти эпидемиологии шаҳрвандони Русия пурра таъмин ва бо нашъамандӣ ва ҷинояткорӣ мубориза баранд.