ДарРусия имтиҳони фарзандони муҳоҷиронро барои донистани забони русӣ оғоз мегардад

Дар Федератсияи Русия имтиҳони кӯдакони муҳоҷир барои дохилшавӣ ба мактабҳо аз забони русӣ оғоз шудааст. Аз 1 апрел фарзандони муҳоҷирон барои дохил шудан ба мактаб бояд имтиҳони забони русиро супоранд.
Моҳи декабри соли 2024 раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки қабули кӯдакони хориҷиро, ки забони давлатиро намедонанд дар мактабҳо манъ мекунад. Муаллифони ин ташаббус раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин, ноиби раисиҷумҳур Ирина Яровая ва раҳбарони кумитаҳо ва фраксияҳои калидӣ дар палатаи поёнии парлумон буданд.
Институти федеролии ченакҳои педагогӣ версияҳои намоишии санҷишро нашр кардааст, ки барои ҳар як сатҳи таҳсил - аз синфҳои 1 то 11 алоҳида тарҳрезӣ шудаанд. Кӯдак аз рӯи гуфтор, гӯш кардан, хондан, навиштан, фаҳмидани забони гуфторӣ, малакаҳои луғату грамматика санҷида мешавад.
Санҷиш на бештар аз 80 дақиқа давом мекунад ва дар муассисаи таҳсилоти умумии давлатӣ ё шаҳрӣ гузаронида мешавад.