Дар Русия Хадамоти шаҳрвандӣ ва бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ таъсис дода мешавад

Фото: РИА Новости/ Руслан Кривобок

Путин дастур дод, ки Хадамоти шаҳрвандӣ ва бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ таъсис дода шавад.

Президент Владимир Путин дастур дод, ки Хадамоти шаҳрвандӣ ва бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ таъсис дода шавад; фармони дахлдор дар вебсайти Кремл нашр шудааст.

"Бо мақсади такмил додани идоракунии давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират фармон медиҳам: дар заминаи Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия Хадамоти шаҳрвандӣ ва бақайдгирии шаҳрвандони хориҷии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия таъсис дода шавад", — гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.

Андрей Кикот , ки дар мақоми муовини додситони кулл буд, сардори хадамот ва муовини аввали сардори Вазорати корҳои дохилӣ шуд .

Путин вазифаҳои зеринро гузошт:

Ҳукумат - оид ба аник кардани шумораи ниҳоии штатии мақомоти корҳои дохилӣ ва дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ таклифҳо пешниҳод намояд;

Вазир Владимир Колокольцев — ба амал баровардани тадбирхои ташкилии дар хуччат пешбинишуда.

Фармоишҳо бояд дар давоми се моҳ анҷом дода шаванд.

Фармон аз рузи имзо шуданаш эътибор пайдо кард.

Хабарҳои дигар
Задать вопрос