Ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонун дар бораи ихроҷи муҳоҷирон аз Федератсияи Русия дар сурати набудани суғуртаи тиббӣ пешниҳод мешавад

Рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми муроҷиат барои гирифтани иқомати муваққатӣ пешниҳод мекунанд, низ мушаххас карда мешавад; ба онхо нусхаи тасдикшудаи сугуртаи ихтиёрии тиббй ё полиси сугуртаи хатмии тиббй илова карда мешавад
Гурӯҳи вакилони фраксияи ЛДПР таҳти сарварии раиси ҳизб Леонид Слутский ба Думаи давлатӣ дар бораи ихроҷи муҳоҷирон дар сурати надоштани бимаи тиббӣ лоиҳаи қонун пешниҳод мекунанд. ТАСС нусхаи ин хуччатро дорад.
"Агар шаҳрванди хориҷӣ, ки муваққатан ё доимӣ дар Федератсияи Русия қарор дорад, шартномаи суғуртаи тиббӣ (полис) надошта бошад, маълумот дар бораи чунин шаҳрванди хориҷӣ бояд ба феҳристи шахсони таҳти назорат гирифташуда ворид карда шавад, ки ин механизми ҳуқуқии татбиқи низоми ихроҷро нисбат ба ӯ фароҳам меорад", — гуфта мешавад дар тавзеҳот.
Рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми муроҷиат барои гирифтани иқомати муваққатӣ пешниҳод мекунанд, низ мушаххас мешавад. Ба онҳо нусхаи тасдиқшудаи полиси суғуртаи ихтиёрӣ ё ҳатмии тиббӣ илова карда мешавад. "Ин имкон медиҳад, ки шаҳрванди хориҷӣ аз ибтидо ба системаи суғуртаи тиббӣ шомил карда шавад ва имкони будубош дар Федератсияи Русияро бидуни дастрасӣ ба хидматрасонии асосии тиббӣ аз байн мебарад", - қайд мекунанд вакилон.