Аз 1 июл ба муҳоҷирон ҳуҷҷатҳои сабти дактилоскопӣ медиҳанд
Фото: РИА Новости/ Кирилл Каллиников
Маълумотҳо дар бораи дактилоскопияи муҳоҷирон ба реестри аҳолӣ дохил карда мешаванд
Аз 1 июл ба реестри федералии маълумот оид ба аҳолӣ маълумоти дар бораи додани ҳуҷҷатҳо ба муҳоҷирон, ки гузаронидани сабти ҳатмии давлатии дактилоскопӣ ва аксбардорӣро тасдиқ мекунанд, дохил карда мешаванд. Тағйироти мувофиқ ба қонунҳои федералӣ имрӯз қувва гирифт.
Мувофиқи ҳуҷҷатҳо, моддаи ҳафтуми Қонуни Федералии "Дар бораи як реестри ягонаи иттилоотии федералӣ, ки маълумот оид ба аҳолии Федератсияи Русияро дар бар мегирад", бо пункте илова мешавад, ки дар он оид ба дохил кардани "ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи гузаронидани сабти ҳатмии давлатии дактилоскопӣ ва аксбардорӣ" ба реестр зикр шудааст.
Навовариҳо хориҷиёну шаҳрвандони бедавлатеро, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ё бо мақсадҳои дигар ба муддати зиёда аз 90 рӯзи календарӣ омадаанд, фаро мегиранд.