Портали «Кор бе сарҳад» метавонад яке аз хизматҳои низоми иттилоотии бақайдгирии муҳоҷирии меҳнатӣ гардад.

Фото: Александр Петросян, Коммерсантъ.

Оиди ин дар ҷаласаи Комиссияи иқтисодии Авруосиёӣ вазир оид ба бозорҳои дохилӣ, иттилоотикунӣ ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионии Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиёӣ Гегам Варданян хабар расонд. Ба хотир мерасонем, ки сохтани портал бо ташаббуси Роструд дар моҳи сентябри 2019 сол оғоз гардида буд, мақсади он – ташкили низоми ҷустуҷӯи ҷойҳои кории холӣ ё маълумоти коргарон аз тамоми мамлакатҳои иттиҳодия барои шаҳрвандон ва корфармоёни мамлакатҳои ИИАО аст. Буҷети лоиҳа то 58,5 млн рубли русиро ташкил медиҳад, ки 33,5 млн рубли русӣ аз он барои таҳияи таъминоти барномавӣ, боз 25 млн. рубли русӣ барои якҷоякунии портал бо низомҳои аллакай мавҷудаи ҷустуҷӯи кор, равона карда мешаванд.
Якҷоякунии низоми бақайдгирии муҳоҷирон ва базаҳои ҷойҳои кории холӣ – пешниҳоди саривақтӣ мебошад ва эҳтимолан, амалигардонии он метавонад бо ҳамон роҳ равад, ки бо он сохтани худи портал рафтааст. Портал, ба хотир мерасонем, дар худ маълумотҳоро аз базаҳои миллии иттилоотӣ якҷоя мекунад – чунончи, аз барномаи аз ҷониби ҳукумати Россия таҳияшудаи «Кор дар Россия». Барои бақайдгирии муҳоҷират портал метавонист инҷунин маълумотҳои шабеҳро аз базаҳои миллии иттилоотӣ ба назар гирад, лекин, айни замон чунин низом танҳо дар Молдавия коркард шудааст. Дар Россия аз ҷониби ВКД ва Вазорати алоқа таҳияи портал оғоз гардидааст, дар як қатор мамлакатҳои ИИАО бошад, то ҳол ин нақшаҳо нестанд.

https://www.kommersant.ru/doc/4468402