Дар Маскав маркази тамоси ройгон барои муҳоҷирон ба кор оғоз кард

Фото: pixabay.com.

Дар Маскав Маркази иттилоотии шаҳрии кумак ба муҳоҷирони меҳнатӣ кори худро оғоз намуд, ки бояд ба онҳое маслиҳат диҳад, ки ба пойтахти Россия бо мақсади кор ва истиқомат омадаанд ё ки нияти кӯчида омадан доранд. Операторони марказ барои ҷавоб додан ба намудҳои зиёди саволҳо ва ба шумо маслиҳат додан аз рӯи мавзуъҳои зерин омодаанд,: ҷустуҷӯи кор ва тартиби ба кор даромадан, гирифтани патент ба фаъолияти меҳнатӣ, тартиби ба қайди муҳоҷиратӣ истодан, вайрон карда шудани ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, барқароркунии ҳуҷҷатҳои гумшуда, гирифтани ёрии таъҷилии тиббӣ, ҷойкунии бачаҳо ба кӯдакистонҳо ва мактабҳо. Бояд қайд намуд, ки машваратҳо дар марказ, ба ғайр аз забони русӣ, дар забонҳои ӯзбекӣ, қирғизӣ ва тоҷикӣ дода мешавнад. Рақами телефони Маркази иттилоотии шаҳрии ёрӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ: +7 (495) 539-25-20.

Источник