90% муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои ИДМ ба ФР ҳоло барои коркунӣ меоянд

Фото: РИА Новости/Илья Питалев

Дар ҳамҷамъияти ҷаҳонӣ бештар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бардошта мешавад. Онро дар Ҷаласаи 4-уми Комиссияи ҳамҷояи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қатар аз 1 то 4 октябр, дар Саммити 1-уми «Осиёи Марказӣ – Олмон» дар Берлин, дар Форуми шарқии иқтисодӣ дар Россия муҳокима карда буданд. Дар айни замон 90% муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои ИДМ барои коркунӣ ба ФР меоянд. Онҳо тақрибан 3,7% аз шумораи умумии кормандон дар кишварро ташкил медиҳанд. Чӣ тавре ки Владимир Путин арз кард, омадани коргарон аз хориҷа зарур аст, вале танҳо онҳое, ки кори онҳо ба рушди иқтисодии Россия мусоидат кунад. Инчунин президент меҳисобад, ки бо мурури замон меҳнати муҳоҷирон бо технологияҳои навтарин иваз карад шуданаш мумкин аст. Вазорати рушди иқтисод ақидаи дигар дорад. Дар идора меҳисобанд: сатҳи пасттарини бекорӣ дар 3% ба сустшавии рушди иқтисод оварда мерасонад, барои ҳамин ҳар чӣ бештар коргаронро аз Осиёи Миёна ҷалб кардан лозим аст.

Источник