1. Даври ниҳоии III — умин марҳилаи гурӯҳии мусобиқаҳои футбол байни дастаҳои иттиҳодияҳои миллӣ-фарҳангии ҳамватанони Маскав баргузор шуд

Фото: mos.ru

Варзишгарон барои баромадан ба даври ниҳоӣ муборизаи шадидро нишон доданд.

1 июни соли 2024 дар варзишгоҳи маҷмааи варзишии академияи давлатии бойторӣ ва биотехнологияи шаҳри Москва ба номи К.И. Скрябин даври сеюми ниҳоии марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни дастаҳои ҳаваскорони иттиҳодияҳои миллӣ-фарҳангии ҳамватанони шаҳри Москва (бо формати 7+1) баргузор шуд.

Дастаҳое, ки аз иттиҳодияҳои ҷамъиятии этникии ҳамватанони шаҳри Москва,  намояндагии халқиятҳои Қазоқистон, Камерун, Қирғизистон ва Тоҷикистон, мухторияти миллии фарҳангии Федеролии олмониҳои русия, инчунин ҳамватанони Томск ва Мағдон, ҳамватанони Башқаристон, Бурятия, Калмикия, Осетия, Чувашия намояндагӣ мекунанд, муборизаи устуворро барои баромадан ба даври ниҳоӣ идома доданд.

Источник