Ӯзбекистон санаи барқароршавии робитаи автобусӣ бо Русияро номбар кард

Сергей Бунеев/Фото:©Ўзбекистон Республикаси Транспорт вазирлиги/t.me/Mintrans_uz.

Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оиди барқароршавии робитари автобусӣ бо як қатор шаҳрҳои Русия аз рӯзи душанбе, 18 июл эълон карданд. Ин хатсайрҳо ду сол қабл аз сабаби пандемияи коронавирус қатъ гардида буданд. Робитаи мунтазами автобусӣ бо Маскав, Қазон ва Санкт-Петербург барқарор карда мешавад. Хатсайр аз Тошканд ба Маскав ба рӯзҳои душанбе ва чоршанбе, ба Қазон – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа, ба Петербург – рӯзҳои чоршанбе ва шанбе таъин карда шудааст. Арзиши чипта барои мусофири болиғ тақрибан 800 ҳазор сӯмро (баробар ба 4162 рубл) ташкил медиҳад, хабар медиҳад РИА Новости рӯзи шанбе, 16 июл. Аз 1 июни соли 2022 Ӯзбекистон инчунин шумораи намояндагиҳоро дар минтақаҳои Русия аз 10 то 16 зиёд кард. Дар назди ин сохторҳо марказҳои дастгирии ҳуқуқҳои муҳоҷирон ташкил карда мешаванд.

Источник