Ирина Жандарова/Фото: Сергей Куксин/ РГ
Кордеҳон ба муҳоҷирони меҳнатӣ худи он муздҳои маошро пешниҳод мекунанд, ки ба кормандони россиягӣ пешниҳод мекарданд. Дар ҳолатҳои зиёд ин ба рушди соҳа мусоидат кард, ки дар он пардохти корбаъйи меҳнат паҳн шудааст. Акнун сокинони маҳаллӣ низ ба ҷойҳои холии кор дар ин соҳаҳо бештар диққат дода истодаанд.
Кордеҳон барои шаҳрвандони хориҷӣ тарофаҳои пасткардашударо муқаррар намекунанд, нақл мекунад директори хазинаи «Рафоқати ҳамсоягӣ» Юрий Московский. Ба ғайр аз он, дар соҳаҳои зиёд ин тавр кардан имконнопазир аст. Муҳоҷирони меҳнатӣ соҳаҳои фаъолият бо пардохти корбайъи меҳнатро хубтар мепазиранд: такси, хадамоти курйерӣ, марказҳои логистикӣ, ки дар он даромад аз миқдори фармоишҳои иҷрогардида вобаста аст, тасдиқ мекунад коршиноси мустақил дар соҳаи муҳоҷират Вадим Коженов. Ва кормандони россиягӣ ва хориҷӣ дар тарофаҳои якхела кор мекунанд.
Музди маоши миёнаи ҷамъкунандаи фармоишҳо 42,6 ҳазор рубл, ронандаи такси – тақрибан 69 ҳазор рубл, курйер – 70 ҳазор рубл., хабар доданд дар hh.ru. Вале ронандаи такси бо кори кам 60 ҳазор рубл, бо кори бештар бошад, то 200 ҳазор рубл кор карда метавонад. «Кормандони хориҷӣ имрӯзҳо баробар бо россиягиён маош мегиранд, – мегӯяд Юрий Московский. – Баъзе муҳоҷирон бошанд, ҳатто аз россиягиён бештар мегиранд». Қайд мекунад, ки хориҷиён ба Россия барои коркунӣ меоянд ва ба даромади ба таври максималӣ зиёд шақманд мебошанд. Ба ғайр аз он, онҳо хароҷоти иловагӣ дар намуди иҷораи манзил доранд. Барои ҳамин онҳо имконияти дилхоҳи бештаркунии даромади худро истифода мебаранд, соатҳои бештар кор мекунанд, ба худ фармоишҳои иловагӣ мегиранд. Бо шарофати муҳоҷирон дар соҳаҳои зиёд музди маош меафзояд, ки ба кормандон-россиягиён таъсир мерасонад, қайд мекунад Юрий Московский.