Ҷиноятҳои марбут ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба категорияҳои вазнин ва махсусан вазнин гузаронида мешаванд

Фото: РИА Новости/ Кирилл Зыков

Ҳамаи ҷиноятҳои марбут ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба вазнин ва махсусан вазнин мансуб дониста мешаванд. Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби вакилони Думаи давлатӣ таҳия шудааст, —  гуфт муовини раиси палатаи поении парлумон Ирина Яровая.

«Имрӯз мо ба мувофиқа расидем, ки дар давоми як ҳафта ҳамаи вазоратҳои ваколатдор, ҳамаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ҳамаи хадамотҳо ба мо дар бораи лоиҳаи қонуне, ки аз ҷониби вакилони Думаи давлатӣ таҳия шуда ва  ба якчанд самтҳои муҳим дахл дорад, фикру мулоҳизаҳо пешнищод мекунем. Якум, мо ҳамаи ҷиноятҳоеро, ки бо ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ алоқаманданд, ҳамчун ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин тасниф хоҳем кард», — иқтибос аз суханронии Яровая дар нашриёти «ТАСС».

Источник