Фото: РИА Новости/Александр Кряжев
Марказҳои тафтиши салоҳият барои муҳоҷирони дар соҳаи сохтмон коркунанда аз кишварҳои ИҶШС дар Москва кушода мешавад, нақл кард дар мизи мудаввари Иттиҳодияи миллии сохтмончиён муовини роҳбари маркази муҳоҷиратии пойтахт Олег Нуждин. Тибқи суханони ӯ, соҳаи сохтмон барои Москва ва вилояти Москва яке аз пешбарандаҳои иқтисодиёт мебошад. Ҳамзамон, муаммои камбудии кадрҳо – яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа мебошад, ки барои ҳалли он бо супориши раиси шаҳри Москва Сергей Собянин намояндагиҳои маркази муҳоҷиратӣ дар Ӯзбекистон, Тоҷикистон кушода шудаанд, инчунин кушодашавии онҳо дар Қирғизистон дар нақша аст.