Ҳукумати Қирғизистон нақшаи дар Бишкек кушодани марказ оид ба муташаккилона соҳиби ҷойи кор кардани муҳоҷирони меҳнатии ҷумҳурӣ дар Маскавро доранд

Фото: © Sputnik / Pixabay/ Free-Photos

Оиди ин рӯзи сешанбе дар вақти форуми «Муҳоҷират ва рушд: дурнамоиҳо ва имкониятҳои нав» муовини вазири мешнат, таъминоти иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон Нурдоолот Базарбаев арз кард. «Дар доираи созишномаи бо муассисаи давлатии буҷавии Маскав «Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷиратӣ» варианти дар Бишкек кушода шудани намояндагии ташкилоти мазкур пешбинӣ гардидааст»,– гуфт ӯ. Тибқи суханони муовини вазир, кушода шудани намояндагии сохтори мазкур дар пойтахти Қирғизистон шароити будубоши муҳоҷирони меҳнатии қирғизро дар Маскав сабуктар мекунад. Хусусан, онҳо протседураи дактилоскопия ва ташхиси тиббиро пешакӣ гузашта метавонанд. Чӣ тавре ки Базарбаев қайд кард, Русия кишваре боқӣ мемонад, ки ба он ҷо барои кор шумораи калонтарини муҳоҷирони меҳнатии қирғиз мераванд. «Ҳоло бештар аз 700 ҳазор нафар шаҳрвандони мо дар кор дар Федератсияи Русия қарор доранд»,– иброз дошт ӯ.

Источник