Ҳукумати Маскав оиди норасоии 300 ҳазор муҳоҷирон иброз медорад

Ҷонишини раиси шаҳри Маскав оид ба масъалаҳои сиёсати иқтисодӣ ва алоқаҳои амволӣ-заминӣ Владимир Ефимов дар форуми иқтисодии Петербург оиди гуруснагии кадрӣ, ки як қатор соҳаҳо дар Маскав эҳсос мекунанд, иброз дошт. «Дар соҳаи сохтмон муаммо бо захираҳои меҳнатӣ меафзояд. Дар тартиби оддӣ дар шаҳри мо тақрибан як миллион муҳоҷирони меҳнатӣ кор мекунанд, имрӯз онҳо тақрибан 700 ҳазор мебошанд, яъне тақрибан 300 ҳазор нафар дар иқтисодиёт намерасад. Қисми онҳо дар сохтмон кор мекунад, қисман – дар соҳаи ХМК, қисм – ин соҳаҳои дигари боқимонда, ки аз меҳнати муҳоҷирон истифода мебаранд. Бо назардошти он, ки тамоман бештари соҳаҳои мо барқарор гардидааст, ин он қувваи кориест, ки ба шаҳр лозим аст», – РИА Новости аз Владимиро Ефимов иқтибос меорад.
http://www.dobro-sosedstvo.ru/dobro/ru/news/n_3/o_322885