Ҳукумати Маскав: дар пойтахт муҳоҷирони меҳнатӣ намерасанд

Фото: kp.ru/Михаил ФРОЛОВ.

Коргарон аз кишварҳои ҳамсоя ва минтақаҳои ФР дар сохтмонҳо, мағозаҳо, дар сохторҳои коммуналии шаҳр меҳнат мекунанд. Дар айни замон бозори меҳнат ба таври кофӣ устувор аст, захираҳои меҳнатӣ барои амалкунии ҳамаи ҷараёнҳои инвеститсионӣ кофиянд. Оиди ин дар Форуми иқтисодии байналхалқии Петербург Кирилл Пуртов, роҳбари Департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди Маскав нақл кард.

– Бозори меҳнат ба таври кофӣ ташаккул ёфтааст. Ҳар як, масалан, сохтмонкунанда бо тоифаи худ кор мекунад. Касе коргаронро аз Белоруссия ҷалб мекунад, касе барои коркунӣ бо захираҳои меҳнатӣ аз Ӯзбекистон, кадоме як кишварҳои дигари ҷанубӣ одат кардааст. Мо дар вақти охир ягон муроҷиатҳоро нагирифтем, ки дарҳақиқат дастони корӣ намерасанд,– нақл кард Кирилл Плутов дар мусоҳиба бо РИА Новости. Аз суханони Пуртов, дар пойтахт муаммоҳои норасоиҳои муҳоҷирони коргар вуҷуд надорад. Онҳо дар сохтмонҳо, мағозаҳо, дар сохторҳои коммуналии шаҳр меҳнат карданро давом медиҳанд. Дастони корӣ барои амалӣ гардонидани ҳамаи ҷараёнҳои инвеститсионӣ дар Маскав кофӣ мебошанд. Роҳбари департамент нақл кард, ки намояндагони бизнес ҳамеша ҷойҳои кориро барои истиқоматкунандагони минтақаҳои наздик пешниҳод мекунанд. Ба меҳнат шаҳрвандонрои моро ҳукумати пойтахт низ ҷалб мекунанд.

Источник