Экспресс-хатсайри автобусиро аз Подолск то маркази муҳоҷиратии «Сахарово» оғоз бахшиданд

Фото: сайт администрации городского округа Подольск.

Аз 3 феврал аз истгоҳи ҚММ-2 (МЦД-2) Подолск то Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷиратии «Сахарово» ҳаракати худро экспресс-хатсайри санҷишии №1050 оғоз намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати нақлиёт ва инфрасохтори роҳии Назди Маскав. Автобусҳо аз истгоҳи Подолск то маркази муҳоҷиратӣ аз 6:00 то 21:20 мераванд, аз маркази муҳоҷиратӣ то истгоҳи Подолск – аз 7:00 то 22:20. Фосилаи миёнаи ҳаракат тақрибан 40 дақиқаро ташкил хоҳад дод. Экспрессҳо 2 истгоҳҳои мобайниро дар Подолск содир мекунанд: «Майдони Ленин» ва «Кинотеатри Ватан». Хатсайрро 3 автобуси синфи хурд хизмат мерасонанд. Баъд аз таҳлили ҷараёни мусофирон ва тасдиқкунии талабот байни мусофирон имконияти баромади автобусҳои иловагиро баррасӣ мекунанд. Роҳпулӣ барои мусофирон то маркази муҳоҷират арзонтар гардид ва 42 рублро ташкил медиҳад. Сафарро бо ёрии кортҳои бонкии беалоқа, корти «Стрелка», маблағи нақд пардохт кардан мумкин аст. То оғози хатсайри нав аз Подолск то маркази муҳоҷиратӣ бо 5 хатсайр расдина мумкин буд: №1004 «Маскав (микроноҳияи 5-уми Бутовои Шимолӣ) – Маскав (Каменка)», № 303 «Столбово – Кузовлево», №МЦ «м. «Лесопарковая» – ММЦ УФМС», №МЦ2 «м. «Прокшино» – ММЦ УФМС», №1050 «ст. МЦД Подольск – Москва (Ильино)». Вақти миёнаи сафар тақрибан 60 дақиқаро ташкил медиҳад.

Источник