© Владимир Смирнов / ТАСС
Ҳукумат лоиҳаи қонуни федералии соддакунандаи шартҳои ба кор ҷалб карда шудани мутахассисони баландихтисоси хориҷиро дар Русия тасдиқ кард. Дар бораи ин хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисодиёт, ки лоиҳаи қонунро коркард кардааст, хабар медиҳад.
«Камкунии миқдори ҳуҷҷатҳо ва муҳлатҳои ба расмият даровардани онҳо ба нақша гирифта мешавад. Агар қаблан ҳангоми ба кор даромадан ҳуҷҷатҳоро бо имзои аслӣ пешкаш карданд ё ки шахсан ба Русия омадан лозим бошад, акнун ҳуҷҷатҳоро тавассути почтаи электронӣ равона карда, ба расмият даровардан мумкин аст. Мутобиқи лоиҳаи қонун талаботи нишон додани қайди МБИ (мутахассисии баландихтисос – эзоҳи ТАСС) ҳангоми ба расмият даровардани иҷозатнома ба кор истисно карда мешавад, бо ин имконияти гирифтани он барои кор дар якчанд минтақаи кишвар нигоҳ дошта мешавад»,– гуфта мешавад дар баёнияи матбуотӣ. Бо лоиҳаи қонун инчунин зиёдкунии музди маоши барои ба даст овардани мавқеъи МБИ зарур, то 250 ҳазор рубл аз 167 ҳазор рубли ҷорӣ пешниҳод карда мешавад.