Фото: © Sputnik / Александр Вильф
Ширкатҳои сохтмонии Россия барои ба кор қабул кардани бештар аз 4 ҳазор кормандони боихтисосро аз Тоҷикистон омодаанд. Дар бораи ин роҳбари ассотсиатсияи «Иттиҳодияи миллии сохтмончиён» (НОСТРОЙ) Антон Глушко дар вохӯрии намояндагони соҳа бо сарварони вазоратҳо ва идораҳои ҷумҳурӣ, ки дар Душанбе баргузор гардид, нақл кард. «Аз рӯи натиҷаҳои пурсиш тахассусҳои асосӣ ва миқдори коргарони хориҷӣ аз Тоҷикистон муайян карда шуданд, ки онҳоро сохтмончиён омодаанд, ки ба кор қабул кунанд», – арз кард ӯ. Маълумотҳо аз мониторинги аз ҷониби ассотсиатсия гузаронидашудаи талаботи мубрами бозори сохтмон ба коргарони хориҷӣ асос мегиранд. Чӣ тавре ки Глушков қайд кард, барои тасдиқкунии дараҷаи тахассуси ба кор медаромадагон воситаҳои баҳодиҳӣ коркард карда шуданд, ки аз ҷониби коршиносони ширкатҳо-пешвоёни соҳа тасдиқ карда шудаанд. Тибқи суханони ӯ, рушди мантиқии ин ташаббус кушода шудани марказҳои махсусгардонидашудаи омодакунии шахсони хоҳиши дар ФР кор карданро дошта мебошад, то ки мутахассисони хориҷӣ имконияти «кашола кардани» донишҳои худ қабл аз супоридани имтиҳонотро дошта бошанд