Хадамоти бақайдгирии муваққатии хориҷиён дар портали хизматрасониҳои давлатӣ (госуслуги) дастрас гардид

Фото РИА Новости-Михаил Воскресенский.

Дар порати хизматрасониҳои давлатӣ хориҷиро дар манзили зист муваққатан ба қайд гузоштан мумкин аст, хабар дода мешавад дар Telegram-шабакаи вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва тамоси оммавии ФР. «Дар портали хизматрасониҳои давлатӣ хизматрасониҳои нав пайдо шуд, ки бо ёрии он соҳиби манзил хориҷиро муваққатан ба қайд гузошта метавонад», – гуфта мешавад дар хабар. Қайд карда мешавад, ки соҳиби манзил бояд аз рӯи қонун ба ВКД оиди он хабар диҳад, ки дар манзили ӯ шаҳрвандӣ будубош дорад. Меҳмонхонаҳо низ чунин амал мекунанд. Ин қайди муваққатӣ дар ҷойи будубош аст. Дар мақомот фаҳмониданд, ки ба ВКД дар давоми ҳафт рӯз аз санаи омадани меҳмон хабар додан лозим аст, дар акси ҳол ҳам ба шаҳрванди хориҷӣ, ҳам ба соҳиби манзил ҷарима таҳдид карда метавонад. Қаблан, барои инро кардан, ба почта, ба МХМ ё ки шӯъбаи ВКД рафтан лозим буд.

Источник