Фестивали маданиятҳои миллӣ дар Минтақаи марказии маъмурии Маскав баргузор мегардад

фото: РИА Новости/Владимир Песня

Иттифоқи «Веста» бо ҳамҷоягӣ бо префектураи Минтақаи марказии маъмурии Маскав, Роҳбарияти ноҳияи Тверский, Мухторияти тоторҳои Маскав бо дастгирии депутатҳои Думаи давлатии Маскав Фестивали маданиятҳои миллиро ташкил мекунанд. Байни шахсони расмӣ дар ҷашн намояндагони префектураи МММ ва Роҳбарияти ноҳияи Тверская, маъмурияти боғи «Красная Пресня», боғи «Сад Эрмитаж», депутатҳои Думаи давлатии Маскав ва ҳунармандони машҳур мешаванд. Ҷашнро сарвари Роҳбарият Эдуард Хананян мекушояд.

Фестивал барои мусоидат ба ташаккули шавқмандӣ ба таърих ва маданияти халқҳои Русия, офаридани муҳити ҳамсоягии нек, якдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ байни намояндагони халқҳои гуногуни дар мегаполиси пойтахт истиқоматкунанда, муайянкунӣ ва дастгирии одамони боиқтидор тавассути шиносоӣ бо оинҳо ва одатҳои халқҳои Федератсияи Русия таъин карда шудааст. Дар доираи фестифал консерти дастаҳои эҷодӣ баргузор мегардад, ки санъати сурудхонӣ ва рақсии диаспораҳои гуногуни миллии Маскав, аз он ҷумла, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Гурҷистон, Осетияро муаррифӣ мекунанд. Ва албатта дар он санъаит муосири халқи дуюми сершумортарин дар Русия – тоторҳо пешкаш карда мешавад.

Источник