Соли 2023 дар Тоҷикистон соли забони русӣ мегардад

Фото e-cis.info

Дар арафаи соли нави таҳсилӣ дар Тоҷикистон кушодашавии ботантанаи панҷ мактабҳои русизабон, ки бо ёрии молиявии ФР сохта ва кушода шудаанд, баргузор гардид. Мактабҳо дар як вақт дар панҷ шаҳрҳо кушода шуданд: дар Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Турсунзода ва Хуҷанд. Дар маъракаи кушодашавӣ тавассути алоқаи видеоӣ президентҳои ду кишвар: президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Россия Владимир Путин иштирок карданд. Дар нутқи худ, ки ба кушодашавӣ бахшида шудааст, Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин барои дастгирӣ дар сохтмони мактабҳо ташаккур баён намуд ва расман эълон кард, ки соли 2023 дар Тоҷикистон соли забони русӣ хоҳад шуд. Дар навбати худ, Владимир Путин оиди ба наздикӣ кушода шудани Маркази мадании Тоҷикистон дар Маскав эълон кард

Источник