Сарони ВКД Тоҷикистон ва Русия масъалаҳои муҳоҷиратро баррасӣ карданд

Фото: РИА Новости/ Александр Кряжев

Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колокольцев, зимни сафари хизматӣ ба шаҳри Душанбе, дар ҷараени мулоқоти дуҷониба масъалаҳои марбут ба соҳаи муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русия баррасӣ карданд. Дар ин бора, маркази матбуотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Ба иттилои ин манбаъ, вазирон масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, вазъи ҳуқуқӣ, беҳтар намудани шароити будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро баррасӣ кардаанд.

Ҳамчунин, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои муштарак дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҷалби тоҷикон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуниро баррасӣ карданд. Дар ин хабар гуфта мешавад, ки ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, киберҷинояткорӣ, мубодилаи иттилоот, инчунин ҳалли масъалаҳои муҳоҷират ва тайер кардани кадрҳои баландихтисос иброз доштанд. Вазири ВКД – и Русия, В.Колокольцев рӯзи гузашта барои иштирок дар музокироти ҳаматарафа намояндагони ду кишвар оид ба масъалаҳои муҳоҷират ба Тоҷикистон омад. Вазири ВКД-и Русияро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон қабул кард. Дар ҷараени мулоқот, ҳамкориҳои ду кишвар дар самти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва масъалаҳои муҳоҷиратро баррасӣ карда шуд.

Источник