Санаҳои 8, 16 ва 29 апрели соли 2023 дар шаҳри Москва Фестивали I бозиҳои зеҳнии саримизӣ баргузор мегардад

Фото:организаторы турнира
Санаҳои 8, 16 ва 29 апрели соли 2023 дар Муассисаи давлатии буҷавии шаҳри Москва "Хонаи миллатҳои Россия" Фестивали I бозиҳои зеҳнии саримизӣ байни намояндагони ҷавонони ташкилотҳои ҷамъиятии миллии шаҳри Москва баргузор мегардад. Ташкилкунандаи чорабинӣ – Муассисаи давлатии буҷавии шаҳри Москва "Хонаи миллатҳои Москва" бо дастгирии Департаменти сиёсати миллӣ ва алоқаҳои байниминтақвии шаҳри Москва бо ҳамроҳии Ташкилоти умумироссиягии тарбияи ҷисмонӣ-варзишии "Федератсияи таврелҳои Россия", Федератси Гои Москва ва Ташкилоти умумироссиягии тарбияи ҷисмонӣ-варзишии "Федератсияи нарда ва бэкгэммони Россия". Мақсади Фестивал оммавӣ гардонидани бозиҳои қадимаи зеҳнӣ, мусоидат ба худрушдёбӣ, мустаҳкамкунии мусоҳибаи байни маданиятҳо ва розигӣ дар байни муҳити ҷавонон дар шаҳри Москва аст.