Роҳбари ПСС Сергей Катирин соддакунии вуруди муҳоҷирони меҳнатиро ба Русия зарур меҳисобад

Аз рӯи фикри ӯ, супориши ҳукумат аз 16 марти соли 2020, ки омадани хориҷиёнро аз сабаби сирояти коронавирус муваққатан маҳдуд мекунад, барои қонеъгардонии талаботи иқтисодиёти Русия ба мутахассисон имкон намедиҳад. Дар мактуби худ ба сарвазир Михаил Мишустин роҳбари ПСС бо санад муайян кардани тартиботи вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ, додани ваколатҳои мутобиқро ба ҳайати байниидоравии минтақавӣ, ки аз талабот ба қувваи меҳнатии хориҷӣ бармеоянд, пешниҳод кард. Санҷиш, худиизолятсияи дуҳафтаина ва расонидани ёрии тиббӣ ба кордеҳон вогузор карда шавад. Бо даъвати монанди нисбатан қатъитар ба ҳукумат Вазорати сохтмони ФР муроҷиат кард. Он норасоии шадиди қувваи кориро дар сохтмонҳои Русия қайд мекунад. Ҳатто бекорӣ ва музди маоши болорафтаи сохтмончиён (аз 50 ҳазор рубл то 80 – 90 ҳазор рубл) шаҳрвандони Русияро баро ба сохтмон рафтан маҷбур карда наметавонад. Вазорати сохтмон ҳалли масъаларо бо роҳи воридкунии муташаккили муҳоҷирони меҳнатӣ пешниҳод мекунад. Барои ҷойгиркунӣ ва ба расмият даровардани онҳоро бояд ҷониби даъваткунанда ба ӯҳда гирад. Худи он бояд ба омадагон дар гирифтани маълумотномаҳо оиди набудани сирояти коронавирусӣ дар онҳо ёрӣ диҳад. Кордеҳ ҳамчунин барои таъмини кормандон бо ҷои истиқомати доимӣ, гузоштани онҳо ба қайди муҳоҷиратӣ ва бо онҳо ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ ӯҳдадор мешавад. Муҳоҷирон бошанд, дар навбати худ, бояд патенти иҷозатдиҳанда ба кор дар Русияро бояд гиранд. Ташаббуси вазорати сохтмон аллакай бо вазорати меҳнат, ВКД ва Роспотребнадзор мувофиқа карда шудааст.
https://rg.ru/2021/02/04/vyzhutovich-pritok-migrantov-privodit-k-poiavleniiu-novoj-raboty-na-rynke.html