Роспотребнадзор нияти офаридани махзани ягонаи ташхиси муҳоҷиронро дорад

Фото: пресс-служба ГУ МВД России по Московской области.

Низоми федералии маълумотҳои табиати санитарӣ-сироятшиносӣ дар Русия пайдо мешавад, он барои муайян намудани хориҷиёни сироятшуда ва фавран депортатсия кардани онҳо имкон медиҳад. Бо офаридани низоми мутобиқ Роспотребнадзор машғул хоҳад шуд, бармеояд аз лоиҳаи қонуни дар портали лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии лоиҳаи қонун санаи 14 октябр интишоргардида.  Интизорӣ меравад, ки низом барои якҷоя кардани махзани маълумотҳои Роспотребнадзор ва Вазорати тандурустӣ, ҳамчунин мақомотҳои худидоракунии маҳаллиро дар соҳаи тандурустӣ ва ташкилотҳои дорои маълумотҳо оиди беҳдошти санитарӣ-сироятшиносии аҳолӣ имкон медиҳад. Бо лоиҳа муайянкунии фаврии шахсони хориҷӣ ва бешаҳрвандӣ, ки барандагони сироятҳои гуногун мебошанд, пешбинӣ карда мешавад. Қонун дар ҳолати қабул гардидаданаш, метавонад аллакай аз 31 октябр ба қувва дарояд.

https://mockva.ru/2021/10/15/334412.html