РОСМИГРАНТ дар назди ДСМР бо ҷавонони диаспораи қирғиз дар Маскав вохӯрӣ гузаронид

Фото: https://dsmr.ru

Роҳбари Маркази ҳифзи ҳуқуқӣ ва мутобиқгардонии иҷтимоӣ-мадании муҳоҷирон РОСМИГРАНТ Ҳуснидин Абдуқосимов бо ҷавонони диаспораи қирғиз дар Маскав вохӯрӣ гузаронид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои интегратсия ва адаптатсияи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷониби онҳо риоя гардидани қонунгузории муҳоҷиратии ФР баррасӣ гардиданд. Сухан инчунин оиди намудҳои паҳнгаштаи ҳуқуқвайронкуниҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содир карда шаванда, оиди роҳ дода нашудани иштирок дар гирдиҳамоиҳо ва пикетҳои иҷозатдоданашуда рафт. Шарти муҳимтарини самаранокии пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо байни муҳоҷирон муносибати байниҳамдигарии ташкилотҳои ҷамъиятии диаспоралӣ бо зершӯъбаҳои мутобиқи сохтории ВКД Русия мебошад. Он мувофиқакунии мақсадҳо ва муттаҳидкунии кӯшишҳоро барои ҳалли ҳамҷояи вазифаҳо дар соҳаи тартиби ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятиро пешбинӣ мекунад. Инчунин шаклҳои муносибати байниҳамдигари Маркази ҳифзи ҳуқуқӣ ва мутобиқгардии иҷтимоӣ-мадании муҳоҷирон РОСМИГРАНТ бо роҳбарият, пешсафон ва фаъолони ҷамъияти диасполарӣ, ҳамоҳангсозии кӯшишҳо оид ба пешгирии ҷанҷолҳои байни миллатҳо, хусусан, бо ёрии воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ муҳокима карда шуд. Аз рӯи ҷамъбасти вохӯрӣ ба як қатор созишҳои муҳим расида шуд. Аз он ҷумла – оиди мубодилаи иттилооти зарурӣ, оиди муайянкунӣ ва ҳалли масъалаҳои мубрам оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, банақшагирии фаъолияти мутобиқ, баландбардории самаранокии он, баҳодиҳӣ ба натиҷаҳои расидашуда. Иштирокчиёни вохӯрӣ муҳимии онро қайд намуда, нияти таҳкимдиҳии муносибати байниҳамдигариро тасдиқ карданд

Источник