Президенти Русия Владимир Путин ғояи роҳбари Агентии федералӣ оид ба корҳои миллатҳо Игор Бариновро оиди офаридани марказҳои мутобиқгардонӣ барои муҳоҷирон дастгирӣ намуд

Фото: © РИА Новости. Алексей Никольский

«Дар ватани муҳоҷирони эҳтимолӣ оғоз бояд кард»,– қайд намуд Путин ҷавобан ба суханони Баринов оиди оғози корҳо аз болои маҷмуаи нави чораҳо оид ба роҳ надодан ба иҳотакунии фазовӣ ва иҷтимоии муҳоҷирон ва зарурияти пурзӯргардонии ин фаъолият бо ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ, динӣ. Тибқи суханони Путин, ҳамкорон аз кишварҳо бо ин розиянд ва барои ҳамроҳшавӣ омода мебошанд. «Ман бо ҳамкорони зиёд суҳбат мекунам, аксарият аллакай ҳамроҳ шуданд, мо бояд нисбати ин фаъолиятро бештар зоҳир намоем. Дар он ҷо касе муқобил нест, касе эътироз намекунад. Баръакс, дар Ӯзбекистон, дар Тоҷикистон, дар Қирғизистон – марҳамат, ҳамаи онҳо инро бо ҳаловат мекунанд. Мо фақат фаъолтар амал кунем, онҳо ҳатто ба ин шавқманданд. Онҳо хуб дарк мекунанд, ки одамон, вақте ки аз ватан мераванд ва ба мо меоянд, бояд мутобиқ гашта бошанд, маданият, забони моро бояд донанд, қонунгузории русиягиро бояд дониста бошанд. Албатта»,– гуфт президент.

Источник