Фото:Строительная газета
Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар соҳаи сохтмон кор мекунанд ва барои вайронкунии қонунгузории муҳоҷиратӣ депортатсия карда шудаанд, бояд имконияти ба Россия баргаштанро дошта бошанд. Бо чунин пешниҳод президенти Иттиҳодияи миллии сохтмончиён (НОСТРОЙ) Антон Глушков баромад кард.
«Фикр мекунам, ки ҳоло вақти коркарди механизми бо ном авфи қувваи кории хориҷӣ расидааст, ки аз ҳудуди Федератсияи Россия депортатсия карда шудааст», – арз кард Антон Глушков дар вохӯрӣ бо рӯзноманигорон дар Москва. Президенти НОСТРОЙ нишон дод, ки ҳуқуқвайронкуниҳои муҳоҷирон асосан табиати маъмурӣ доранд ва ба напардохтани ҷаримаҳо ё ки вайронкунии тартиби будубош дар ҳудуди Федератсияи Россия тааллуқ доранд. Ҳамзамон қувваи кории хориҷӣ аллакай таҷрибаи корӣ дар Россияро дорад ва соҳиби малакаҳои истеҳсолӣ дорад, дар сохтмонҳои кишвар талабот хоҳад дошт.