Фото с сайта rg.ru.
Патентҳо барои муҳоҷирон дар Москва аз 5900 рубл то 6600 дар як моҳ меафзояд, чунин қарор дар маҷлиси пленарии парлумони пойтахт дар рӯзи чоршанбе қабул гардид. «Бо лоиҳаи қонун муайянкунии коэффисинти минтақавӣ бо мақсади муайянкунии арзиши патент барои муҳоҷирон дар соли 2023 пешбинӣ мегардад. Дар соли 2022 музди маоши расмӣ дар соҳаҳои барои муҳоҷирони меҳнатӣ муқаррарӣ ба 11,5% нисбати соли 2021 афзудааст. Бо мақсади индексатсияи ҳамандозаи патент муқарраркунии коэффисиенти минтақавӣ дар андозаи 2,4229 пешниҳод карда мешавад. Ин арзиши патентро аз 5900 рубл то 6600 рубл дар як моҳ бештар мекунад», — гуфт муовини департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳри Москва Даря Мурченко.