Омӯзонидан дар намунаи худ. Блогерон-хориҷиён ба ҳамватанон дар азхудшавӣ ёрӣ медиҳанд

Альфия Камилова/Блогеры Журабек Амонов и Бактыгуль Айбашева / Фото: Альфия Камилова / Вечерняя Москва.

Боз бештари муҳоҷирони ба Маскав барои коркунӣ омада боз блогерон низ гашта истодаанд, то ки ба ҳамшаҳриён барои мутобиқ шудан ва вайрон накардани қонунҳо бо надонистан дар кишвари бегона ёрӣ диҳанд. Гилдияи рӯзноманигории байни халқиятҳо, ки онҳоро ба ҷамъияти ғайрирасмӣ муттаҳид кардааст, соли аввали кори ин лоиҳаро ҷамъбаст кард. Ҳамааш аз вохӯрӣ бо блогерони шабакаҳои муҳоҷиратӣ оғоз гашта буд.  – Ба вохӯрии аввал бо шарм, баъд аз розикунониҳои дурудароз ду блогер омаданд,– ба ёд меорад президенти гилдия Маргарита Лянге. – Одамон метарсиданд, ки онҳоро намефаҳманд. Вале вақт гузашт, мо ҳоло 20 блогеронро дорем, ки бо хоҳиши зиёд дар ҳамаи чорабиниҳои гилдия иштирок мекунанд. Онҳо ба ҳамшаҳриён барои мутобиқшавӣ дар Маскав ёрӣ медиҳанд. Мо бошем, дар навбати худ ба онҳо ба дараҷаи нав баромадан ёрӣ медиҳем. Масалан, бо дасти сабуки мо ҳуқуқшиноси муҳоҷиратӣ, блогери шабакаи «Муҳоҷир» Насим Абдуллаев зуд-зул дар шабакаҳои русиягӣ пайдо шуда, оиди муаммоҳои онҳое, ки ба мо барои коркунӣ омадааст, нақл мекунад. Ба муваффақияти ӯ нигоҳ карда, муҳоҷирони дигар низ фаъол шуданд. Равнақи шабакаҳои муҳоҷирӣ тасодуфӣ нест, айнан бо шарофати видеои омӯзишӣ аввалин маротиба ба Маскав омадагон чӣ тавр рафтор бояд кардан, чӣ тавр либос пӯшидан, гап заданд ва бо надонистан вайронкунандагони қонун нашуданро мефаҳманд.

Источник