Фото: пресс-служба ГУ МВД России по Московской области
Созишнома дар бораи таъмини нафақавии меҳнаткашон аз кишварҳои ИИАО амали худро оғоз намуд. Он пардохти кӯмакпулиҳо ва ба ҳисоб гирифта шудани собиқаро кафолат медиҳад. Бонки рушди Авруосиё (БРАО) интиқоли маблағро ба дӯши худ гирифт ва онҳоро бе хароҷот конвертатсия хоҳад кард. Ин навиди хуб барои қирғизистониҳое мебошад, ки дар Русия меҳнат мекунанд. Ҷумҳурӣ аввалин шуда созишнома оиди ҳамкорӣ бо бонкро ба имзо расонид, хабар медиҳад рӯзноманигори «МИР 24» Владимир Сероухов. Аз рӯи ҳисобҳои камтарин, дар Русия 700 ҳазор шаҳрвандони Қирғизистон меҳнат мекунанд.