Муҳоҷир барои наҷотдиҳии зане аз хораи оташзада мукофот гирифт

фотоматериалы Главного управления МЧС России по г. Москве.

Дирӯз роҳбари Департаменти сиёсати миллӣ ва алоқаҳои байниминтақавии Маскав Виталий Сучков бо сипосномаи фахрӣ Эштемиров Ойбек Олим ӯғлиро, ки бо хатар ба ҳаёти худ, занеро аз утоқи оташзадаи хонаи баландошёна дар кӯчаи Красний Маяк наҷот додааст, қадр намуд. Чӣ тавре Ойбек Эштемиров нақл мекунад, қабл аз маросими қадркунӣ хеле дар ҳаяҷон буд. Ҳамон рӯз бошад, вақте ки ӯ зани ҷавони умуман ношиносро наҷот медод, на ҳаяҷон, на тарсро эҳсос намекард. Чорабиниро роҳбари Департаменти сиёсати миллӣ ва алоқаҳои байниминтақавии шаҳри Маскав Виталий Иванович Сучков кушод. Ӯ иштирокчиёни қадркуниро шодбош гуфта, қайд кард, ки қаҳрамонӣ ва мардонагии нишондодаи Эштемиров Ойбек Олим ӯғли ҳам барои ҳамшаҳриён, ҳам барои маскавиён намуна мебошад. Виталий Иванович ба Эштемиров Ойбек барои ҷасорати қаҳрамононаи ӯ ташаккур гуфт ва суханро ба иҷрокунандаи муваққатии сардори Сарраёсати ВҲФ Русия дар шаҳри Маскав Ткаченко Юрий Анатолйевич дод.

Источник