Фото : © Пресс-служба губернатора Ставропольского края
Муҳоҷирони ба Россия меомада бояд меъёрҳо ва қоидаҳои ҷамъияти Россия, инчунин он минтақаҳоеро, ки ба он ҷо меоянд, эҳтиром намоянд. Дар бораи ин президенти ФР Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯро оид ба муносибатҳои байни миллатҳо иброз дошт. «Талаботи бешак ба ҳамаи онҳое, ки ба Россия барои коркунӣ, таҳсил меоянд – ин эҳтироми оинҳои мо, риояи меъёрҳо ва қоидаҳои ҷамъияти Россия мебошад. Ҳамзамон хусусиятҳои минтақавӣ хеле муҳим аст. Вақте ки муҳоҷир ба Москва, ба Кавкази Шимолӣ ё ки бо ҷойи дигаре меояд, бояд меъёрҳои умумироссиягиӣ ва қоидаҳои он минтақаҳоеро, ки ба он ҷо меояд, донад. Ҳатман», – гуфт пешвои Россия. Ӯ инчунин қайд кард, ки дар сиёсати муҳоҷиратӣ ҳукумат бояд, пеш аз ҳама, аз манфиатҳои шаҳрвандони Россия дар саволҳои амният, соҳаи иҷтимоӣ, дар бозори меҳнат бар оянд. «Дар ин ҷо муносибати чандири тавозунӣ хеле муҳим аст, ки барои мо хатарҳоро намеофарад, вале ба рушди кишвар, ба иқтисодиёти кишвар кор мекунад», – нишон дод роҳбари давлат.