Фото: РИА Новости/Наталья Селиверстова
ВКД ФР вориднамоии таҳфифро ба АДШВ барои муҳоҷирон дар вобастагӣ аз дараҷаи дониши забони русии онҳо пешниҳод мекунад. «Ворид намудани коэффисиенти таҳфифӣ ба андоз аз даромадҳои шахси воқеӣ, ки дар намуди пешпардохти муайянгардида пардохта мешавад, дар вобастагӣ аз сатҳи дониши забони русӣ, дониши таърих ва асосҳои қонунгузорӣ» пешниҳод карда мешавад. «Ана коэффисиенти пасткунандаи пешпардохти ҳармоҳа. Онро инчунин барои водорсозии омӯзиши забони русӣ истифода бурдан мумкин», – арз кард сардори Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати идора Валентина Казакова. ВКД намунаҳои ҳисоби таҳфиқи чунин андозро пешкаш намуд: дараҷаи асосии донистани забони русӣ – 10%, дараҷаи миёна – 15%, дараҷаи олӣ – 20%, соҳиби забони русӣ – 50%.