Муҳоҷири меҳнатӣ барои наҷот додани мактабхон худро ба роҳи оҳан партофтааст

ФОТО: НАТАЛЬЯ МУЩИНКИНА

Муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон мактабхони 10 соларо, ки ба роҳи метрополитени пойтахт афтидааст, аз марги ногузир наҷот дод. Писарбача ба телефон нигоҳ кардааст ва ба роҳ афтидааст. Чӣ тавре ки ба «МК» маълум гардид, ҳодисаи нохуш 13 март дар истгоҳи «Библиотека имени Ленина» рух додааст. Рӯзи якшанбе хонандаи синфи 4 Максим (ном тағйир дода шудааст) аз курсҳои ҳунар ба хона бармегашт, дар он ҷо кӯдак арракунӣ ва тарошиданро меомӯхт. Писарбача то ноҳияи худ Соколники бо хатсайри шинос мерафт. Вале дар истгоҳи метро «Библиотека имени Ленина» мактаббача ба роҳҳо афтид.

 – Ман шаппотиро шунавидам, баъдан писарбачаро дидам. Кӯдак аз шок ҳаракат намекард. Шукри Худованд, қатора намеомад,– дретар нақл кард яке аз мусофирони роҳи зеризаминӣ. – Яке аз мардон дар платформа дарҳол садо дод: «Бароред!» Дигараш, намуди зоҳирии осиёгидошта, ба роҳҳо ҷаҳид, кӯдакро баровард ва худ ба платформа баргашта баромад. Мо кӯдакро бо пушташ хобонидем. Ман аз дасти ӯ гирифтам ва ором кардам. Дар халта нашатир будааст – чаккачаашро молидам. Касе барои даъваткунии ёрии таъҷилӣ рафт. Аз рӯи суханони зан, кӯдак паҳлӯяшро нишон медод ва аз дарди хеле шадид шикоят мекард. Писарак гуфта тавонист, ки ба телефон нигоҳ кардааст ва қадам гузоштааст. Мактаббачаро ба беморхона бурданд, ки дар он ҷо дарҳол ба шӯъбаи эҳё ҷой карданд. Ҳолати бемор вазнин – ӯ кафиши ҷигар ва испурч дорад. Ба наҷотдиҳандаи ӯ, зодаи 40 солаи Тоҷикистон, лозим омад, ки бо муҳофизони тартибот муошират кунад. Мард ҳамаи ҳолатҳоро муфассал нақл кард. Ӯ дидааст, ки чӣ тавр кӯдак канори платформаро пай набурдааст ва афтидааст. Худи қаҳрамон дар Маскав аллакай бист сол истиқомат мекунад ва барои зиндагонӣ бо кор дар сохтмонҳо ва таъмир маблағ ба даст меорад. Вале ӯ муваққатан кор намекунад.

Источник