Фото: kabar.kg/news.
Муфтии Қирғизистон Замир Ракиев дар Маскав бо ҳамватанон вохӯрӣ гузаронид. Чӣ тавре ки Раёсати руҳии мусулмонони Қирғизистон хабар медиҳад, муфтӣ муҳоҷиронро барои шаҳрвандони тарбияёфта ва намунавӣ будан даъват кард. «Мо набояд ба Қирғизистон соя афканем.
Дар кадом кишваре ки набошед, бояд ба қонун риоя кард. Муттаҳид ва аҳл бояд буд. Якдигарро дар мусибат нагузоред, агар ёрӣ диҳед, Аллоҳ ҳамаашро мебинад ва баъдан аҷрашро медиҳад»,– гуфт муфтӣ. Инчунин руҳониёни дар вохӯрӣ баромадкарда Бактияр Шарапов ва Абдулазиз Юлдашов ҳамватанонол ҳангоми шиносоиҳои нав, хусусан дар интернет бодиққат будан даъват карданд. Руҳониён қайд намуданд, айнан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳама бештар ҷалбкунандагони мусулмононро аз роҳи дарки ҳақиқии дин гардонанда амал мекунанд.