Муовини сарвари Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷирати Москва ба ҷануби Тоҷикистон ташриф овард

Фото: РИА Новости/Павел Бедняков

Муовини роҳбари Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷиратии Москва Олег Нуждин ҳамин рӯзҳо дар Бохтар буд. Нуждин бо муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода вохӯрд. Дар вохӯрӣ инчунин роҳбари намояндагии МБМ дар Тоҷикистон Абдусаттор Нозимов ва сардори раёсати Хадамоти муҳоҷиратӣ дар Хатлон Баҳодурҷон Азиззода ҳузур доштанд. Акрам Сулаймонзода қайд кард, ки кушодашавии намояндагии Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷиратии Москва нишонаи хуб дар ҳамкории дуҷониба дар соҳаи муҳоҷиратӣ мебошад. «Мо дар риояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони мо дар Россия шавқманд мебошем ва боварӣ дорем, ки намояндаи шумо дар ҷумҳурӣ ба ин мусоидат хоҳад кард», – қайд кард муовини раиси вилояти Хатлон. Олег Нуждин қайд кард, ки мақсади ташриф ба ин минтақаи Тоҷикистон шиносоӣ бо роҳбарияти он ва ба шаҳрвандони Тоҷикистон расонидани иттилоот дар бораи кушодашавии намояндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Источник