Оиди ин котиби матбуоти президенти Русия Дмитрий Песков иброз дошт. Тибқи суханони ӯ, муҳоҷирон, яъне қувваи кории арзон «барои амаликунии нақшаҳои бузург хеле ва хеле наамерасад». Ҳамин тариқа, ӯ ба саволе, ки оё дар Кремл норозигии русиягиёнро аз омадагон эҳсос мекунанд ё не, ҷавоб дод. Нисбати худи муаммо бошад, Песков аз чизеро шарҳ додан рад кард, иброҳ дошт, ки ӯ бо ягон маводҳои тадқиқотҳои иҷтимоӣ нисбати муносибати русиягиҳо шинос намебошад. Савол бо суханҳои ҷонишини роҳбари маъмурияти президент Магомедсалам Магомедов дар маҷлиси оид ба амаликунии стратегии сиёсати давлатии миллии кишвар то соли 2025 алоқаманд буд. Ӯ хабар дод, ки дар соли 2020 шумораи русиягиҳое, ки ба муҳоҷирон манфӣ муносибат доранд, ба 7,5 фоиз афзудааст.
https://lenta.ru/news/2021/04/08/pouehali/