Медведев: Гузаронидани хизматрасониҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро ба шакли электронӣ муҳим аст

Фото : РИА Новости/Алексей Куденко

Муовини раиси Шӯрои амнияти ФР оиди тезонидани коркарди феҳрастҳо ва махзанҳои ягонаи маълумотҳо, рушд додани низомҳои иттилоотии давлатӣ, инчунин расидан ба мувофиқакунонии техникӣ ва функсионалии онҳо даъват ба амал оварид. Гузаронидани хизматрасониҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро дар Русия ба шакли электронӣ муҳим аст Оиди ин дар маҷлиси ҳайати байниидоравии ША ФР аз рӯи масъалаҳои такмили сиёсати давлатии муҳоҷиратӣ муовини раиси Шӯрои амният Дмитрий Медведев иброз дошт.

«Барои мо ғояи гузаронидани хизматрасониҳои давлатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ба шакли электронӣ чунин муҳим мебошад. Ҳамаи протседураҳоро кушод, фаҳмо бояд кард, механизмҳои назорат низ бояд шаффоф бошанд»,– гуфт ӯ. Медведев илова намуд, ки тамоми ҷараён бояд барои аризадиҳанда қулай бошад, барои давлат ин низомҳо «самаранок, бетаваққуф, фаҳмо ва шаффоф» бошанд. Тибқи суханони ӯ, дар муҳлатҳои фишурдатарин идораҳои шавқманд бояд ба ихтиёри худ платформаи ягонаи иттилоотиро гиранд.

Источник