Майдончаҳо барои қурбонии ҳайвонот дар Иди Қурбон дар Маскав намешавад, арз кард муфтӣ

Фото: © РИА Новости / Александр Кряжев.

Майдончаҳои махсус барои қурбонии ҳайвоноти қурбоно дар Назди Маскав ба Иди Қурбон таҷҳизонида шуданд, бевосита дар Маскав майдончаҳо барои қурбонӣ нест, нақл кард муовини Раёсати руҳии мусулмонони ФР ва Шӯрои муфтиёни Русия, муфтии Назди Маскав Рушан Аббясов.

«То ки ягон ҳодисаҳо оид ба масъалаи ҳайвоноти қурбонӣ набошад – маросимҳо дар ҷойҳои махсусан ҷудокардашуда баргузор мегарданд, имрӯз аллакай дар сомонаҳои мо иттилоот ҷойгир карда шудааст, то ки ягон иғвогарӣ нашавад. Дар Маскав мо чунин майдончаҳо надорем – дар ҳудуди вилояти Маскав ҳаст, ки дар он ҷо тақводорони мо маросими қурбониро дар давоми се рӯз иҷро карда метавонанд. То оне, ки барои онҳое, ки вазнин аст, хизматрасонии маросими ҳайвоноти қурбонӣ ҳаст: нафақахӯрон, одамоне, ки ба ҷойи қурбонӣ рафтан барои онҳо душвор аст, аз хизматрасонии овардани қурбонӣ ба хона истифода бурда метавонанд»,– хабар дод ӯ дар вақти пули телевизионии Маскав-Макка дар маркази матбуоти мултимедиягии «Россия сегодня».

Источник