КТР барои ҷиноятҳои дилхоҳи вазнин аз шаҳрвании қабулкардашуда маҳрум карданро пешниҳод кард

Фото: РИА Новости/Павел Лисицын

Дар Россия барои омодакунӣ ва содир кардани ҷинояти дилхоҳи вазнин ва махсусан вазнин бояд аз шаҳрвандии қабулкардашуда маҳрум намуд, хабар дод Кумитаи тафтишотии ФР. Дар анҷоми моҳи апрели соли 2023 президенти ФР Владимир Путин қонуни «Дар бораи шаҳрвандии ФР»-ро имзо кард, мутобиқи он аз шаҳрвандии қабулкардашуда дар ҳолати содир кардани як қатор ҷиноятҳо, аз он ҷумла, аз хизмати ҳарбӣ гурехтан, бадномкунӣ, ихтиёран ба асирӣ афтидан, ҷиноятҳо зидди давлат, амнияти миллӣ, терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонуни яроқ ва моддаҳои мухаддир ва ғайра маҳрум шудан мумкин аст. Ҳуҷҷат санаи 26 октябр қувваи қонунӣ пайдо кардааст. КТ диққатро ба он ҷалб кард, ки ба феҳрасти амалкунандаи маҳрумкунӣ аз шаҳрвандии қабулкардашудаи ФР ворид карда шудаанд, масалан, таҷовуз ба ному, вале на куштор, ки барои он муҳлатҳои дурударози марумнамоӣ аз озодӣ муқаррар карда шудаанд.

Источник