Кормандони Раёсати корҳои дохилии ноҳияи маъмурии шимолу шарқӣ дар лексия барои шаҳрвандони хориҷӣ иштирок карданд

Фото: Пресс-служба УВД по СВАО

Дар чорабинӣ роҳбарони районҳо, намояндагони Совети миллатхои назди ҳукумати Москва, коркунони Муассисаи давлатии буҷетии «Жилищник» ва намояндагони ҷамъиятҳои миллии сокини районхои Бабушкинский, Лосиноостровский, Свиблово, Северное Медведково ва Ярославский иштирок доштанд.

Ҳадаф аз ин вохӯрӣ огоҳонидани шаҳрвандони хориҷӣ дар бораи масъалаҳои ҳузури онҳо дар қаламрави Русия ва иҷрои фаъолияти корӣ дар Маскав будааст.

Майори милиса Дмитрий Роговой, нозири калони иҷрои қонунгузории маъмурии Раёсати корҳои дохилии ҳавзаи маъмурии шимолу шарқии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар Маскав дар бораи асосҳои қонунгузории муҳоҷират сухан гуфт.

Источник