Фото: РИА Новости/Сергей Пивоваров
Ҳамкории дарозмуҳлат бо Ӯзбекистон оиди ба кор гирифтани қувваи кориро барои сохтмони маъбадҳо баррасӣ мекунанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти депутати Думаи давлатии ФР, куратори барномаи шаҳрӣ оид ба сохтмони маъбадҳои православӣ Владимир Ресин. «Ба соҳаи сохтмон дастони корӣ намерасанд. Тақрибан 500 ҳазор нафар намерасанд, то ки ҳамаи ҷойҳои кории таъҷилӣ оид ба сохтмон пӯшида шаванд. (…) Ба наздикӣ ман бо сафири мухтор ва ваколатдори Ӯзбекистон Ботиржон Асадов вохӯрдам, ва мо оиди ҳамкорӣ маслиҳат кардем. Дар он ҷое, ки одамон барои сохтмони маъбадҳо намерасанд, кадрҳоро аз Ҷумҳурӣ ҷалб хоҳем кард. Онҳо кор карда метавонанд, хиштчинҳо ва монолитрезони хубанд», – нақл кард Ресин.