Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирон барои аз нав баррасӣ намудани қоидаҳои будубош дар Россия даъват карданд

Фото: РИА Новости/Максим Блинов

Барои пуркунии таркиби кадрии корхонаҳои эҳтиёҷманд авф намудани муҳоҷирони айбдор лозим набуда, баръакс, шартҳои будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар ФР нисбатан беҳтар намудан лозим аст, меҳисобад роҳбари иттифоқи касабаи муҳоҷирони меҳнаткаш Ринат Каримов. Сухангӯ ақидаашро бо нашрияи «НСН» мубодила намуд. Аслан ӯ ба пешниҳоди депутати Думаи давлатӣ Артём Кирянов оиди соқит намудани баъзе ҳуқуқвайронкуниҳои хурди муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавоб дод. Тибқи версияи депутат ин барои ҳалли масъалаи норасоии кадрӣ дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёти Россия ёрӣ медиҳад. Каримов, дар навбати худ, меҳисобад, ки ҳолатҳои депортатсияҳо гӯё бо «ноқулайии» қонунигардонии муҳоҷирон дар Россия алоқаманданд: ҳар як хориҷии нақшаи дар ФР ба кор даромаданро дошта, бояд ҷониби қабулкунанда барои бақайдгирӣ бошад.

Мутобиқи суханони намояндаи иттифоқи касаба, ба хориҷиён дар Москва душвор аст, зеро сокинонии аслии шаҳрро «масъалаи утоқӣ вайрон кардааст» ва онҳо хоҳиши ба қайд гузоштани омадагонро надоранд. Тибқи ақидаи сухангӯ, мансабдорон аввал шаҳрвандони хориҷиро берун карда, баъдан кирдорҳои онҳоро авф карда, ба хатогӣ роҳ медиҳанд. Каримов бо шумораи муҳоҷирон аргумент меорад: дар айни замон дар Россия 80% хориҷинён аз сатҳи то пандемияи коронавирус қайдгардида будубош доранд. Ин оиди он шаҳодат медиҳад, ки муҳоҷирон ба Россия кам омада истодаанд.

Источник