Думаи давлатӣ метавонад муҳоҷиронро аз кор дар таксӣ дар сатҳи федералӣ манъ кунад

Автор: Анастасия Мишкина/ Фото:РИА Новости/ Кирилл Каллиников

Ҷорӣ намудани манъи кор дар таксиҳо дар минтақаҳо барои муҳоҷирон самаранокии худро нишон дод. Дар ин бора узви кумитаи Думаи давлатӣ оид ба корҳои миллатҳо Анастасия Удальцова изҳор доштанд. Номбурда зарур мешуморад, ки ин манъкуниро дар сатҳи федералӣ муҳокима кунад, хабар медиҳад «Российская газета».

Дар рӯзҳои наздик, лоиҳаи қонуне, ки аз ҷониби фраксияи » Справедливая Россия — За правду » пешниҳод карда шуд, ки манъи кори муҳоҷиронро дар таксиҳо ва дигар соҳаҳои иқтисодиет пешбинӣ мекард, аз ҷониби Думаи давлатӣ рад карда шуд. Аммо Удальцова таъкид кард, ки бо назардошти изҳори назарҳо ба муҳокимаи ин ташаббус баргаштан мумкин аст.

Источник