Депутати Думаи давлатӣ: Русия ва Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ шавқ доранд

Фото: ИА REGNUM/ Иван Шилов.

Бо назардошти музоҷоти ғарбӣ ҳаҷми савдо байни Русия ва Ӯзбекистон бештар хоҳад буд, меҳисобад витсе-сухангӯи Думаи давлатӣ, муовини аввали роҳбари фраксияи «Новие люди» Владислав Даванков. Рӯзи сешанбе, 5 июл делегатсияи парламентии Ӯзбекистон бо роҳбарии Нуриҷон Исмоилович, раиси Палатаи қонунгузори Олий Маҷлис, ба Маскав ташриф овард. Владислав Даванков дар гуфтушуниди дутарафа бо ҳамроҳии раиси парламенти русиягӣ Вячеслав Володин иштирок варзид. «Ҳамкории Русия ва Ӯзбекистон ҳамасола ба сатҳи боз баландтар баромада истодааст. Гардиши молҳо байни кишварҳо соли гузашта ба 17% зиёд шуд. Воридот ба 39% бештар гардид, содирот бошад – ба 12%. Бо назардошти музоҷоти ғарбӣ ҳаҷми савдо бештар хоҳад буд. Вохӯрии имрӯза ба лоиҳаҳо ва ташаббусҳои нави ҳамҷоя оғоз хоҳад бахшид. Дар ин ҳар ду давлатҳо шавқ доранд,– арз намуд сиёсатмадор,– Бо боробари ҳамкории иқтисодӣ, мо имрӯз масъалаҳои ҳамкориро дар соҳаи таҳсилот ва мавзуъи сиёсати муҳоҷиратиро баррасӣ намудем. Масъалаҳои рушди сайёҳӣ диққати махсусро талаб мекунанд. Дар ним соли охир ҷараёни сайёҳони русиягӣ ба Ӯзбекистон бештар аз ду маротиба бештар гардида, 400 ҳазор нафарро ташкил доданд».

Источник