Департаменти сиёсати миллии Маскав: Таваҷҷуҳи хосса ба муҳоҷирон дар шароити душвори зиндагӣ муҳим аст

фото: РИА Новости/Максим Блинов.

Дар ин бора Сергей Ануфриенко, мушовири шӯъбаи сиёсати миллии Департаменти сиёсати миллӣ ва равобити байниминтақавии шаҳр зимни конфронси “Татбиқи стратегияи сиёсати миллии давлатӣ дар ҳавзаи маъмурии ҷанубу ғарбии шаҳри Маскав” изҳор дошт. Ӯ қайд кард, ки нақшаи татбиқи Консепсияи сиёсати муҳоҷират дар соли 2021 анҷом мешавад. Намояндаи раёсат даъват кард, ки ба фаъолияти рӯҳониён, ки дар таҳкими сулҳи байни миллатҳо дар пойтахт саҳм мегузоранд, қадрдонӣ шавад. Ба гуфтаи муовини раиси президиуми Шӯрои миллатҳои назди ҳукумати шаҳр Игорь Кругових, барои нигоҳ доштани дӯстии халқҳо ба фарҳанги этникии худ эҳтиром гузоштан лозим аст.

https://icmos.ru/news/depnac-moskvy-vazno-obrashhat-osoboe-vnimanie-na-migrantov-v-tyazeloi-ziznennoi-situacii